29 мар 2019
Ҳукми масҳкашидан бар ҷураб
Ҳомид Аслидинов
4:34
10 КОММЕНТАРИЕВ
Мухаммади Хакими
ماشاءالله
Daler GULBEKOV
Салам братия мусульман сегодня видел как наши братия мусульмане купили водка коняг и шанпанский И я им сказал разве вы не мусульманин анни говорили алхамдклиллох мы мусульманин я сказал а зачем вы купили столка Спиртной они в ответ сказали мне каждая за свая могила должен отвичать а я ишё спросил а зачем вы отмечаете новый год это же харам анни мочить и один в ответят мне сказал. Короче нам по хуй и я молчал тоже и ушел от них
АХМЕД РАХИМ
АЗИЗОНИ АҲЛИ ИСЛОМ! ОГОҲ БОШЕД КИ ШАДИДТАРИН АХБОР ДАР МАЗАММАТУ САРЗАНИШИ МАСҲИ БА ҒАЙРИ ПО АЗ ҶИНСИ МАСҲӢ ВА ҶУРОБ ДАР РИВОЁТИ АҲЛИ СУННАТ ОМАДААСТ КИ ИН ДУРӮҒГӮЁНИ САЛАФӢ ВАҲҲОБИИ ХОРИҶИҲОИ ЗАМОН НАМЕХОҲАНД УН ҲАҚОИҚРО КАСЕ АЗ АҲЛИ ИСЛОМ БИФАҲМАД ВА ПИНҲОН МЕДОРАНД
АХМЕД РАХИМ
ИНШОАЛЛОҲ МО УН АҲОДИСРО БА ЗУДӢ ИНҶО ДАР ИХТИЁРАТОН МЕЗОРЕМ ТО БО КӢ БУДАНИ ИН ДУРӮҒГӮЁН БЕШТАР ОШНО БИШАВЕД
АХМЕД РАХИМ
Уммулмўъминин Оиша мегўяд: لان أخرهما بالسكاكين أحب إلي من أن أمسح عليهما. يعني: الخفين. أو لان أخرهما أو أخر أصابعي بالسكين أحب إلي من أن أمسح عليهما. Бо кордҳо поямро бибурам беҳтар аз ин аст, ки бар масҳӣ масҳ бикашам. Дар ҳадисе гуфт: Агар ангуштонамро бо корд бибурам беҳтар аз ин аст, ки бар масҳӣ масҳ бикашам. Мусаннафи Ибни Абишайба 1/214р1944. Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ аст ва ҳамчунин Қосим ибни Муҳаммад, ки огоҳтарин шахс ба аҳвол ва аҳодиси Уммулмўъминин аст ин ҳадисро аз ў ривоят кардааст. القاسم عن عائشة: لأن تقطع قدماي أحب الي من أن أمسح على الخفين. Боз Қосим аз Уммумўъминин Оиша ривоят кардааст, ки мегўяд: Агар поҳоям бурида шаванд беҳтар аз ин аст, ки бар хуффайн (масҳӣ) масҳ бикашам. Талхисул ҳабири Ибни Ҳаҷар 2/387. Найлул автори Шавконӣ 1/223. Ибни Ҳаҷар дар санади ин хабар Муҳаммад ибни Муҳоҷирро аз Ибни Ҳаббон нақл карда, ки гуфтааст: Ў ҳадис месозад. Вале воқеъ ин аст, ки касе ҳоли ин ровиро муфассал ва хуб шарҳ надода, ки мо бо ҳақиқати ҳоли ў ошно шавем, вале ба ҳар ҳол ин ҳадис аз Қосим собит аст ва ин санад низ муаййиди он санади саҳеҳи аввал хоҳад буд, гарчӣ заиф ҳам бошад. Қосим, ки ин хабарро аз Уммулмўъминин ривоят карда касест, ки дар домани Уммулмўъминин Оиша тарбият шуда ва назди ў таълим гирифта ва ўро фақеҳ ва олимтарини аҳли Мадина муаррифӣ кардаанд, ки метавонед ба китоби Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ 5/53 шарҳи ҳоли рақами 18 муроҷиат кунед. عروة بن الزبير عن عائشة قالت لان أخرجهما أو أخرج أصابعي بالسكين أحب إلي من أن أمسح عليهما. Боз Уммулмўъминин Оиша мегўяд: Агар ду поямро бо кор (баъд аз пора кардани масҳӣ) берун биоварам бароям беҳтар аз ин аст, ки бар онҳо масҳ кунам. Мусаннаф Ибни Абишайба 1/214р1953. Санади ин хабар низ комилан саҳеҳ мебошад ва мулоҳиза мекунед, ки ду наздиктарин шахс бар Уммулмўъминин, яъне писари бародар ва писари хоҳараш, ки ҳар ду назди аҳли суннат аз фуқаҳои тобеин маҳсуб мешаванд, ин гуна нақл мекунанд, ки ў ба шиддат масҳи бар хуффайн (мўза ва масҳӣ)-ро инкор мекарда ва биттабъ аз он пешгирӣ менамудааст. Диққат дошта бошем, ки Суфён ибни Уяйна мегўяд: Донотарини мардум ба ҳадиси Оиша се нафаранд: Қосим, Урва ва Умра. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ 5/56р18. Дар бораи Урва низ гуфтаанд: Ў ҳамеша мулозиму ҳамроҳи Уммулмўъминин буд ва назди вай таълим гирифтааст. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ 4/422р168. Бо ин баён, собит будану ҳақиқат доштани ин сухан аз Уммулмўъминин Оиша хеле равшан хоҳад буд ва шахси мунсиф ҳеҷ шакке дар он нахоҳад кард. Фахри Розӣ аз Уммулмўъминин Оиша ин гуна нақл карда, ки гуфтааст: لإن أمسح على جلد حمار أحب إلي من أن أمسح على الخفين. Агар бар пусти хар даст бикашам, беҳтар аст аз ин ки бар хуффайн (масҳӣ) масҳ бикунам. Тафсири Фахри Розӣ 11/163. Шавконии ваҳҳобӣ аз Уммулмўъминин ин гуна нақл кардааст: لأن أقطع رجلي بالموسى أحب إلي من أن أمسح على الخفين. Агар поҳоямро бо тех бибурам беҳтар аст аз ин ки бар хуффайн масҳ бикашам. Фатҳул қадири Шавконӣ 1/99. لأن تقطع قدماي أحب إلي من أن أمسح على الخفين. Сарахсии ҳанафӣ мегўяд: Уммулмўъминин Оиша гуфт: Агар поҳоям бурида шавад беҳтар аз ин аст, ки бар хуффайн масҳ бикашам. -Ал-Мабсути Сарахсӣ 1/98.
АХМЕД РАХИМ
عن أبي هريرة قال: ما أبالي على ظهر خف مسحت أو على ظهر حمار. Абўҳурайра мегўяд: Барои ман фарқ намекунад, ки бар рўи Хуф (масҳӣ) масҳ бикашам ва ё бар пушти хар. Мусаннаф ибни Абишайба 1/214. Ин хабар низ комилан саҳеҳ мебошад. سئل أبو هريرة عن المسح فقال: يسلخهما. Кайс ибни Ясор аз Абўҳурайра дар бораи масҳи бар (хуффайн) пурсид: Ў гуфт: Он дуро (хуффайнро) аз поят мекашӣ (баъд масҳ мекунӣ). Таърихи кабири Бухорӣ 3/220р746. Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад.
АХМЕД РАХИМ
Аммо аҳодиси Ибни Аббос дар ин мавзўъ хеле равшанкунандатар хоҳад буд, ки акнун бо онҳо ошно мешавем. عن مقسم (بن بجرة) عن ابن عباس: أنا عند عمر حين سأله سعد وابن عمر عن المسح على الخفين فقضى عمر لسعد فقلت: يا سعد قد علمنا أن النبي مسح على خفيه ولكن أقبل المائدة أم بعدها؟ فقال روح: أو بعدها. قال: لا يخبرك أحد أن النبي مسح عليهما بعدما انزلت المائدة. فسكت عمر. ثم قال البيهقي: أخبرنا بصحة ذلك أبو محمد عبد الله بن يحيى بن عبد الجبار السكري ببغداد. Ибни Аббос мегўяд: Ман вақте, ки Саъд ибни Абиваққос ва Ибни Умар аз Умар дар бораи масҳи бар хуффайн пурсиданд, назди Умар будам ва Умар бар нафъи Саъд ҳукм кард. Ва ман гуфтам: Эй Саъд! Мо низ медонем, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба хуффайнаш масҳ кашид, вале оё пеш аз нузули Моида буд ва ё баъд аз нузули он? Боз гуфт: Ҳеҷ касе наметавонад ба ту хабар диҳад, ки Паёмбар баъд аз нузули Моида (ояи вузў) ба масҳӣ масҳ кашида бошад. Пас Умар сукут кард. Байҳақӣ баъд аз нақл ин ҳадис мегўяд: Бар сиҳҳати ин хабар Абдуллоҳ ибни Яҳё дар Бағдод ба мо хабар дод. Муснади Аҳмад 1/366р3462. Сунани Байҳақӣ 1/273. Санади ин хабар саҳеҳ мебошад. عن مجاهد وعكرمة وسعيد بن جبير عن ابن عباس قال: ذكر المسح على الخفين عند عمر سعد وعبد الله بن عمر فقال عمر: سعد أفقه منك. فقال ابن عباس: يا سعد إنا لا ننكر أن رسول الله مسح ولكن هل مسح منذ انزلت سورة المائدة؟. قال: فلم يتكلم احد فانها احكمت كل شئ وكانت آخر سورة انزلت من القرآن...". Муҷоҳид ва Саид ибни Ҷубайр ва Икрима аз Ибни Аббос ривоят кардаанд, ки гуфт: Саъд ва Ибни Умар дар назди Умар аз масҳи бар хуффайн ёд карданд, Умар гуфт: Саъд аз ту (ба Ибни Умар) фақеҳтар аст. Ибни Аббос гуфт: Эй Саъд мо мункир намешавем, ки Паёмбар бар масҳӣ масҳ кашид, вале оё аз замоне, ки сураи Моида (ояи вузў) нозил шуд, масҳ кашид? Гуфт: Касе натавонист сухане бигўяд. Сураи Моида ҳама чизро маҳкам ва мушаххас кард ва он охирин сурае аз Қуръон аст, ки нозил шуда...”. Мўъҷамул авсати Табаронӣ 3/205. Мўъҷамул кабири Табаронӣ 11/74р11140. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ 1/256. Дуррул мансур 2/263. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст. Ҳайсамӣ мегўяд: Дар санади ин ҳадис Убайд ибни Убайдаи таммор аст, ки Ибни Ҳаббон дар сиқот ворид карда ва гуфта, ки гоҳе чизҳои бегона ривоят мекунад. Ибни Ҳаҷар низ дар Лисонул мизон 4/121р256 ҳамин суханро гуфта ва изофа карда, ки Доруқутнӣ низ ўро сиқа гуфтааст. Ҳамчунин Ҳоким низ ўро сиқа гуфтааст. Маърифату улумил ҳадиси Ҳоким с 230. Ва дар Мустадрак низ Ҳоким ва Заҳабӣ ҳадиси ўро ба шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ хондаанд. Аммо ин ки гуфтаанд: Гоҳе чизҳои бегона нақл мекунад. Ин ҳадис бо чандин санад аз ғайри ў низ ривоят ва собит шудааст, пас ин ҳадис аз ғароиби ў нахоҳад буд ва сиҳҳати ин ҳадис собит хоҳад будعن سعيد بن جبير عن بن عباس قال مسح رسول الله على الخفين ثم قال سلوا هؤلاء الذين يزعمون ان رسول الله مسح على الخفين بعد سورة المائدة والله ما مسح بعد المائدة ولأن أمسح على ظهر عير بغلاء (بالفلاة) أحب إلي من أن أمسح عليهما. Боз Саид ибни Ҷубайр аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба масҳӣ масҳ кашид, аз ин касоне, ки гумон мекунанд Паёмбар бар хуффайн масҳ кашид суол кунед, оё ин баъд аз нузули Моида буд? Ба Худо савганд ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ баъд аз Моида ба хуффайн (масҳӣ) масҳ накашиданд. Агар ба пушти хари ваҳшӣ даст бикашам беҳтар аст аз ин ки бар масҳӣ даст бикашам ва масҳ кунам. Мўъҷамул кабири Табаронӣ 11/359.
АХМЕД РАХИМ
عن سعيد بن جبير عن ابن عباس قال قد مسح رسول الله على الخفين فاسألوا هؤلاء الذين يزعمون ان النبي مسح قبل نزول المائدة أو بعد المائدة والله ما مسح بعد المائدة ولان أمسح على ظهر عابر بالفلاة أحب من أن أمسح عليهما. Боз Саид ибни Ҷубайр аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба масҳӣ масҳ кашид, аз ин касоне, ки гумон мекунанд, ки Паёмбар масҳ кашид, оё ин пеш аз нузули Моида буд ва ё баъд аз нузули Моида. Ба Худо савганд, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ баъд аз Моида ба масҳӣ масҳ накашиданд. Агар ба пушти хари ваҳшӣ даст бикашам беҳтар аст аз ин ки бар масҳӣ даст бикашам ва масҳ кунам. Муснади Аҳмад 1/323. Ансобул ашрофи Билозарӣ 1/131. Санади ин ҳадис низ комилан саҳеҳ мебошад. سئل ابن عباس هل مسح رسول الله على الخفين فقال: والله ما مسح رسول الله على الخفين بعد نزول المائدة ولان أمسح على ظهر عير في الفلاة أحب إلي من أمسح على الخفين. Аз Ибни Аббос суол шуд, ки оё Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба хуффайн масҳ карданд? Гуфт: Ба Худо савганд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ баъд аз нузули Моида ба хуффайн масҳ накарданд, Агар ба пушти хари ваҳшӣ даст бикашам беҳтар аст аз ин ки бар масҳӣ даст бикашам ва масҳ кунам. Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Абўбакри Косонӣ 1/7. Ал-Мабсути Сарахсӣ 1/98. سعيد بن جبير قال: قال ابن عباس: ما ابالي مسحت على الخفين أو مسحت على ظهر بختي هذا. Ибни Аббос мегўяд: Барои ман фарқ намекунад, ки бар рўи хуффайн (масҳӣ) масҳ бикашам ва ё бар ... Мусаннаф ибни Абишайба 1/213. санади ин ҳадис низ комилан саҳеҳ мебошад. Ин шаш ҳадис бо саҳеҳтарин санадҳо ривоят шуда ва ҳатто Ибни Аббос савганд мехўрад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ баъд аз нузули Моида бар кафш ва масҳӣ масҳ накардаанд. Боз Ибни Аббос мегўяд: عن بن عباس: سبق الكتاب الخفين. “Ҳукми масҳи бар хуффайн гузашт ва аз байн рафт”. Мусаннади Ибни Абишайба 1/169р1947-1949. Маҷмаъ-уз-завоид 1/254. Мўъҷамул авсат р1140. Зикру ахбори Исфаҳони Абўнаим 2/87. (яъне пеш аз нузули Моида буд ва баъд аз он насх гардид). Санади ин ҳадис бинобар мавозини аҳли суннат комилан саҳеҳ аст, чун Икрама касест, ки ҳамаи соҳибони сиҳоҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Дар ҳадиси дигар низ омада, ки Икрама ҳамин суханро худаш ҳамеша мегуфт вақте ба Ато гуфтанд, Ато Икрамаро такзиб кард. Инҷо мешавад гуфт, ки ҳақ бо Икрама аст, чун Саид ибни Ҷубайр ва Муҷоҳид ва Миқсам низ дар ин мавзўъ бо Икрама ҳам назаранд ва ҳамчунин аз аҳодиси гузашта бешак собит гардид, ки Ибни Аббос мўътақид бар насх шудани масҳи бар хуффайн буда, пас такзиби Аторо намешавад дар ин мавзўъ қабул кард. Қуртубӣ мегўяд: قال ابن عباس: إن المسح على الخفين منسوخ بسورة المائدة. Ибни Аббос гуфтааст: Ҳамоно масҳи бар хуффайн бо сураи Моида насх ва ботил гардид. Тафсири Қуртубӣ 6/93 Пас бо ин таъкидҳо ва қасам ёд кардани Ибни Аббос дигар ҳеҷ ҷои шакке барои шахси мунсиф боқӣ нахоҳад монд, ки масҳи бар хуффайн насх шудааст.
АХМЕД РАХИМ
Аммо аҳодиси Имом Алӣ алайҳис салом дар ин мавзўъ: عن امام علي: سبق الكتاب الخفين. Имом Алӣ алайҳис салом фармуданд: “Замони ҷавози масҳи бар хуффайн гузашт ва он насх гардид”. Мусаннаф ибни Абишайба 1/169р1946. Талхисул ҳабири Ибни Ҳаҷар 2/387. Канзул уммол ҷ9р27693. Комили Ибни Удай 6/93.. Санади Ибни Абишайба аз Имом Боқир комилан саҳеҳ аст илова бар ин Табарӣ бинобар нақл Муттақӣ ин ҳадисро бо санади дигар аз касе, ки ин суханро аз Имом Алӣ дар ҳоли хутба хондан фармудаанд, шунида аст ривоят карда ва ҳамчунин Ибни Адӣ ин ҳадисро аз Ҳориси ҳамдонӣ ривоят карда, ки ў аз асҳоби хос ва наздики Имом Алӣ аст ва санади онро ба хотири Мўсо ибни Усмон заиф гуфтаанд, чун ўро мункирул ҳадис гуфтаанд. Вале чун ин ҳадис аз дигарон низ ривоят шуда, пас намешавад ин ҳадисро аз мункироти ў хонд, пас саҳеҳ будани асли ин ҳадис аз Имом Алӣ собит хоҳад шуд. Имом Шофеӣ низ аз баъзе саҳоба безикри ном, ин ҳадисро ривоят кардааст. “Ал-Ум”-и Шофеӣ 7/403. Дар ҳадиси зер Имом Алӣ алайҳис салом дар сатҳи шаҳр ба мардум эълон мекунанд, ки ҳукми масҳи бар хуффайн насх ва ботил шудааст: عن قيس رجل من الموالي قال: سمعت منادي علي بن أبي طالب ينادي يا أيها الناس إن الكتاب قد سبق، المسح على الخفين ثلاث مرات (ابن جرير). Қайс мегўяд: нидодиҳандае аз тарафи Алӣ ибни Абитолибро шунидам, ки мегуфт: "Эй мардум ҳамоно замони масҳи бар масҳӣ гузашт ва он насх шудааст". Ва ин суханро се мартаба такрор кард. "Канзул уммол" ҷ9с620р27692. Муттақии ҳиндӣ ин ҳадисро аз китоби Табарӣ муҳаддис ва муфассиру муваррихи маъруф, нақл кардааст. Аз он чи гузашт равшан шуд, ки ин ҳадис аз Имом Алӣ алайҳис салом бо чаҳор санад ривоят шуда ва санади Ибни Абишайба бешак саҳеҳ аст. عن زاذان قال: قال علي بن أبي طالب لابي مسعود: أنت فقيه أنت المحدث أن رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم مسح على الخفين؟ قال: أو ليس كذلك؟ قال: أقبل المائدة أو بعدها؟ قال: لا أدري قال: لادريت إنه من كذب على رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم متعمدا فليتبوأ مقعده من النار. Имом Алӣ ба Абўмасъуд фармуданд: Ту фақеҳ ҳастӣ ва ту ҳадис ривоят мекунӣ, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба хуффайн масҳ карданд? Гуфт: Оё ин гуна набуд? Имом гуфтанд: Ин пеш аз нузули Моида буд ё баъд аз нузул? Абўмасъуд гуфт: Намедонам. Имом фармуданд: намедонӣ, ҳамоно Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ҳар, ки бар ман нисбати дурўғ бандад ҷойгоҳашро дар ҷаҳаннам омода кунад. Аз-Зуафо”-и Уқайлӣ 2/86р54. Канзул уммол 9/607р27614. Дар санади ин ҳадис Закариё ибни Яҳёро Яҳё ибни Муин, марди бад ва касе, ки аҳодиси баде ривоят мекунад муаррифӣ кардааст. Ва дигарон ба хотири ҳамин сухани Ибни Муин ўро заиф донистаанд ва Абўҳотам ҳеҷ гуна ҷарҳе дар бораи ў анҷом надода. Ин сухани Ибни Муин қобили қабул нест, чун худи Ибни Муин ба Абдуллоҳ писари Аҳмад мегўяд: Ба Худо савганд ман ўро намешиносад, на ба назди ў рафта ва на аз ў навиштаам ва агар ўро дида бошам дар роҳ ва кўча дидаам ва ўро намешиносам. Аз-Зуафои Уқайлӣ 2/86р54. Ин гуна Ибни Маин таъкид мекунад ва қасам мехўрад, ки ўро намешиносад, пас нисбати додан ба ў ки ин ровиро заиф дониста бошад, нодуруст аст ва намешавад эътимод кард. бо гувоҳии аҳодиси гузашта, бар сиҳҳати маънои ин ҳадис низ метавон пай бурд.
АХМЕД РАХИМ
ХУД ҚАЗОВАТ БИКУНЕД